Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон аз кори корхонаҳои саноатии ноҳияи Шаҳристон изҳори норозигӣ намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон аз кори корхонаҳои саноатии ноҳияи Шаҳристон изҳори норозигӣ намуд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон аз кори корхонаҳои саноатии ноҳияи Шаҳристон изҳори норозигӣ намуд

Нашр шуд

Президент ба роҳбарону масъулони ноҳия дастур дод, ки ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои мазкур чора андешанд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон бо роҳбарону масъулони ноҳия вохӯрӣ анҷом дод.

Ҳангоми суханронӣ Сарвари давлат ба корҳои истеҳсолӣ диққати махсус дода, афзуд, ки ҳаҷми истеҳсоли саноат дар корхонаҳои ноҳия ба талабот ҷавобгӯ нестанд.

"Дар ноҳияи Шаҳристон то ба имрӯз 11 корхонаи саноатӣ фаъолият карда, дар панҷ моҳи соли 2021 дар онҳо ҳамагӣ дар ҳаҷми 15 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки чунин вазъ қонеъкунанда нест",-гуфтааст, Президенти кишвар.

Ба таъкиди раисҷумҳур, дар ноҳияи Шаҳристон барои таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди маҳсулот ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон тамоми шароити зарурӣ, ба мисоли ашёи хом, маҳсулоти кишоварзӣ ва роҳҳои замонавӣ барои интиқоли молу маҳсулот вуҷуд доранд.

Гуфта мешавад, ки дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Шаҳристон ҳамагӣ 1000 ҷуфт либоси мактабӣ истеҳсол гардидааст, ки дар маҷмӯъ 3,5% талаботи хонандагони ноҳияро таъмин менамояд.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони ноҳияи Шаҳристон супориш дод, ки ҷиҳати рушди соҳа сайёҳӣ, картошкапарварӣ, занбӯри асалпарварӣ, ташкили нуқтаҳои хизматрасонии муосир дар масири шоҳроҳи "Душанбе-Чаноқ" тадбирҳо андешанд.



Барои ободонии ноҳияи Шаҳристон дар 30-сол беш аз 2,5 миллиард сомонӣ сарф шудааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед