Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон аз шароити зисти сокинони деҳаи Навобод дидан кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон аз шароити зисти сокинони деҳаи Навобод дидан кард
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон аз шароити зисти сокинони деҳаи Навобод дидан кард

Нашр шуд

Имрӯз раисҷумҳури кишвар бо мақсади боздид аз раванди корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматии сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки аз офати табиӣ зарар диданд, ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Дар баробари ин, зимни боздид аз манзилҳо, президент бо сокинон сӯҳбат анҷом дод. Тавре хадамоти матбуоти Президент хабар медиҳад, дар ноҳияи мазкур манзилҳои навсохт барои 20 оила пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ қариб ба анҷом расида истодаанд.

Гуфта мешавад, ки сохтмони 4 хона ба пуррагӣ анҷом ёфта, дохили он бо тамоми ҷиҳоз аз қабили яхдон, телевизор, мизу курсӣ, қолин, чангкашак, ҷевон, курпаву курпача, то ба хурдтарин ҷиҳози рӯзгор таъмин шудааст.

Ҳамчунин зикр гардидааст, ки барои сохтани хонаҳои нав 10 садяк замин ҷудо гардида, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 10 тоннагӣ семент, 100 дона бомпӯш, 10 куб тахта, 2 тонна арматур ва дигар масолеҳи зарурии сохтмонӣ дастрас гардид. Пас аз анҷоми корҳои сохтмонии дигар манзилҳои навсохт дар назар аст, ки дохили онҳо бо ҷиҳози барои зист зарурӣ муҷаҳҳаз мегарданд.

Ба зикри манбаъ, дар мавзеи навбунёд хати алоҳидаи барқ кашонда шудааст. Расонидани оби нӯшокӣ, бунёд гардидани бунгоҳи тиббӣ, сохтмону мумфаршкунии роҳҳои нақлиётиву пиёдагард беист идома дошта, дар кӯтоҳтарин вақт барои сокинони аз офати табиӣ зарардида тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Бояд ёдовар шуд, ки рӯзҳои 6 ва 7-уми майи соли равон, дар натиҷаи боришоти зиёд дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сел фаромада, дар натиҷа 20 хонаи истиқоматии сокинони деҳоти Ифтихор ба пуррагӣ хароб шуданд.

Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва Сомониёни Исфара соҳиби хонаҳои нав мешаванд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед