Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ба 200 нафар мукофот ва унвону ҷоиза тақдим кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба 200 нафар мукофот ва унвону ҷоиза тақдим кард
Фото: Asia Plus

Эмомалӣ Раҳмон ба 200 нафар мукофот ва унвону ҷоиза тақдим кард

Нашр шуд

Сарвари давлат имрӯз дар як маросими вижа дар Қасри миллат ба 200 нафар намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ тақдим намуд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент,  25-уми август Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи  31-умин солагии Истиқлоли давлатӣ ба ходимони илму адабу ҳунар ва намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти хеш натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд, унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорид.

Гуфта мешавад, аз ҷумла Президент Эмомалӣ Раҳмон ба 25 нафар  унвони фахрии "Корманди шоистаи Тоҷикистон", ба 2 нафар унвони фахрии "Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон", ба 11 нафар  унвони фахрии "Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон",  ба 1 нафар ордени "Шараф" дараҷаи I, ба 23 нафар  ордени "Шараф" дараҷаи II, ба 82 нафар медали "Хизмати шоиста",  ба 4 нафар медали "Шафқат", ба 1 нафар унвони фахрии "Нависандаи халқии Тоҷикистон", ба 2 нафар  унвони фахрии "Шоири халқии Тоҷикистон" тақдим намудааст.

Дар ин баробар, имрӯз 7 нафар бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика, 3 нафар бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника,  1 нафар бо унвони фахрии "Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон" ва 8 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.

Манбаъ меафзояд, ҳамчунин, Президент аз ҳозирини маросими тақдими унвону ҷоизаҳо дар Қасри миллат  даъват ба амал овардааст, ки ҳамчун шахсиятҳои ташаббускору пешсафи ҷомеа, бояд минбаъд низ  дар раванди ободонии Ватан ва боз ҳам пешрафта гардонидани Тоҷикистон  саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар арафаи таҷлил аз Рӯзи истиқлоли давлатӣ ба гурӯҳи калони намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, унвону ҷоизаҳои давлатӣ месупорад.


Аз ҷониби Президент ба 120 нафар унвону ҷоиза ва мукофотҳои давлатӣ тақдим гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед