Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои эронии худ паёми таслият ирсол намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои эронии худ  паёми таслият ирсол намуд
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои эронии худ паёми таслият ирсол намуд

Нашр шуд

Президенти Тоҷикистон бо ирсоли паёме ҷон бохтани теъдоде аз шаҳрвандони Эрон бар асари боришоти шадид ва обхезиҳоро ба раисиҷумҳур ва мардуми ин кишвар таслият гуфт. 

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3-юми август ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ дар иртибот ба сар задани боришоти шадид ва обхезиҳои харобиовар дар ин кишвар, ки талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди молӣ дар пай дошт, номаи таслият ирсол намуд. 

Манбаъ мегӯяд, дар ин паёми Сарвари давлат аз ҷумла омадааст, ки «бино бар ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсти Эрон ва аҳли пайвандону наздикони қурбоншудагон маротиби ҳамдардӣ ва таслиёти ин ҷонибро иброз менамоям. 

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар номаи таслияти худ барои ҷонбохтагон аз даргоҳи Худованд раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст. 

Қаблан Созмони мудирияти буҳрони Эрон хабар дода буд, ки давоми чанд рӯзи охир дар пайи боришоти шадид ва обхезиҳо дар манотиқи гуногуни ин кишвар 76 нафар ҷони худро аз даст додаву 16 каси дигар бедарак шудаанд. 


Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед