Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон сафар кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон сафар кард
Акс: Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон сафар кард

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон субҳи рӯзи 2-юми июн бо ҳадафи ширкат дар дувумин ҳамоиши сарони давлатҳои «Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ» ба шаҳри Чолпон-Атаи Қирғизистон сафар намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, ёварҳои масъалаҳои иқтисодӣ ва савдо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Бояд гуфт, ки рӯзҳои 2-3 июн дар шаҳри Чолпон-Атаи Қирғизистон нишасти дуввуми «Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад.

Дар ин ҳамоиш раисони ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон, муовини раиси Девони вазирони Туркманистон ва раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ширкат мекунанд.

Гуфта мешавад, ки иштирокдорон ҳамоиши мазкур вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии ду минтақаро баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки нахустин ҳамоиши «Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ» 27 октябри соли 2022 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуда буд.

Дар ҳамин ҳол интизор меравад, ки дар доираи ин ҳамоиш мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон низ баргузор шавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед