Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ба Макрон: Афғонистон дар остонаи фалокати гуманитарӣ қарор дорад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба Макрон: Афғонистон дар остонаи фалокати гуманитарӣ қарор дорад
Акс: ASIA-Plus

Эмомалӣ Раҳмон ба Макрон: Афғонистон дар остонаи фалокати гуманитарӣ қарор дорад

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон ба Эммануэл Макрон, ҳамтои фаронсавии худ гуфт, ки Тоҷикистон ҷонибдори таъсиси як давлати сулҳҷӯёна ва устувор дар Афғонистон бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25-уми август бо Эммануэл Макрон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод ва вазъ дар Афғонистон аз мавзӯоти аслии ин сӯ ҳбат буд.

Президенти Тоҷикистон бо нигаронӣ зикр намуд, ки Афғонистон имрӯз бо сабаби таҳдиди воқеии мавҷи нави муқовимати шаҳрвандӣ дар остонаи фалокати гуманитарӣ қарор дорад.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Фаронса ҳамчунин дар бораи чораҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон барои тақвияти марз бо Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз ин кишвар маълумот дод.

Бо зикри он ки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон алоқаманд аст, тарафҳо дар бораи идомаи машваратҳо дар масъалаи Афғонистон тасмим гирифтанд, ки ба вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дастур диҳанд, то дар ин бобат ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам чандҷониба дар тамоси доимӣ бошанд.

Ҳамчунин дар ин муколама Эмомалӣ Раҳмон ба Макрон барои ташаббус ҷиҳати баррасии масоили марбут ба муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса ва масъалаҳои минтақавӣ ибрози сипос кард.

Бояд гуфт, ки 23-юми август қабл аз гуфтугӯ бо Эммануэл Макрон Сарвари Тоҷикистон Вазири хориҷии Покистонро, ки ба Душанбе омада буд, ба ҳузур пазируфт ва бо ӯ низ масъалаи Афғонистонро муҳокима кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо вазири покистонӣ аз ҷумла гуфт, ки дар Афғонистон бояд ҳарчӣ зудтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ, пеш аз ҳама тоҷикон, ки беш аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.

Ахбори чанд рӯзи охири матбуоти ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки Толибон* баъди ғасби Ҳукумат аз ваъдаҳои қаблии худ бобати ташкили ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд.

Вазирони хориҷии Тоҷикистону Олмон бобати таҳкими сарҳад ва мубориза бо хатарҳои амният гуфтугӯ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед