Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ба Остона рафт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба Остона рафт
Акс: аз манбаъҳои боз

Эмомалӣ Раҳмон ба Остона рафт

Нашр шуд

Рӯзи 3 июл Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард.
 
Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
 
Гуфта мешавад, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро муовини сарвазири Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур дар масъалаҳои равобити хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
 
Бояд гуфт, ки дар соли 2024 раёсати СҲШ-ро Қазоқистон бар дӯш дорад. Нишасти сарони ин созмон рӯзи 4 июл дар Қасри истиқлоли Остона баргузор мешавад.
 
Интизор аст, ки дар ин ҷаласа сарони давлат ва ҳукуматҳои Русия, Озарбойҷон, Беларус, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Чин, Муғулистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия ва Узбекистон ширкат хоҳанд кард. Дар ин ҳамоиш ҳамчунин Чжан Мин, дабири кулли СҲШ ва Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ ширкат хоҳанд кард.
 
Дар ҳамин ҳол, Юрий Ушаков, ёрдамчии умури байналмилалии раисҷумҳури Русия гуфт, ки пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ маросими имзои асноди ин нишаст баргузор мешавад. Ба гуфтаи вай, дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Остона 24 санад имзо мешавад.
 
Гуфтанист, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой соли 2001 таъсис шуда, дар оғоз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон ва Узбекистон ба ин созмон шомил буд.
 
Баъдан соли 2017 ба ин созмон Ҳинду Покистон ва дар соли 2023 Эрон ворид шуд. Интизор меравад, ки дар нишасти рӯзи 4 июл дар Остона раванди пайвастани Белорус ба СҲШ ниҳоӣ шавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед