Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ба президентҳои тозаинтихоби се кишвар паёми табрикотӣ фиристод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба президентҳои тозаинтихоби се кишвар паёми табрикотӣ фиристод
Акс: NOVOSTI.TJ

Эмомалӣ Раҳмон ба президентҳои тозаинтихоби се кишвар паёми табрикотӣ фиристод

Нашр шуд

Рӯзи 16-уми март Эмомалӣ Раҳмон ба сарони тозатаъини Ҷумҳурии Корея, Маҷористон ва Ҷумҳурии Арманистон барқияи шодбошӣ ирсол намуд.

Тавре Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикотии худ ба Президенти навтаъини Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл аз сатҳи ҳамкориҳои феълии Тоҷикистон бо Корея ва талошҳои ин кишвар ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо бо мамлакати мо изҳори қаноатмандӣ намудааст.

Таъкид мегардад, дар барқияи шодбошии Президенти Тоҷикистон ба Президенти тозаинтихоби Маҷористон Каталин Ева Верешне-Новак қайд гардидааст, ки Тоҷикистон ба таҳким ва тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дӯстона бо Маҷористон манфиатдор аст ва боварӣ дорад, ки иқдомҳо самарабахш хоҳанд буд.

Ҳамчунин, Сарвари давлат дар номаи табрикотии худ ба Президенти Ҷумҳурии Арманистон Ваагн Хачатурян изҳор намудааст, ки муносибати дӯстонаи Тоҷикистон ва Арманистон дар асоси анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда устувор боқӣ мондаанд.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон дар самти минбаъд низ густариш додани равобит бо Арманистон ва фаро гирифтани соҳаҳои нави ҳамкориҳо изҳори омодагӣ кардааст.

Дар фарҷоми барқияҳои табрикотии худ Президенти Тоҷикистон ба сарони тозаинтихоби Корея, Маҷористон ва Арманистон ва ба мардуми ин кишварҳо таманниётҳои нек орзу намудааст.


Табрикоти Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед