Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон сафар кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон сафар кард
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон сафар кард

Нашр шуд

Дар Эрон маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб дар назар аст.

Рӯзи 30 июл Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои боздиди корӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон, вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раисҷумҳур дар умури робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Бояд гуфт, қарор аст, ки имрӯз маросими савгандёдкунии Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури мунтахаби Эрон дар порлумони ин кишвар баргузор шавад.

Хотиррасон мекунем, ки пас аз даргузашти Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон, дар ин кишвар интихобот баргузор шуд ва Масъуд Пизишкиён намояндаи ҷиноҳи ислоҳталабон раисҷумҳури нави ин кишвар интихоб шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед