Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон рафт. Кишварҳо санадҳои нави ҳамкориро ба имзо мерасонанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон рафт. Кишварҳо санадҳои нави ҳамкориро ба имзо мерасонанд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон рафт. Кишварҳо санадҳои нави ҳамкориро ба имзо мерасонанд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми як сафари давлатӣ ва ширкат дар нишасти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Туркманистон рафт.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ дод, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт ва фарҳанг ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳамчунин раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, муовини Раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва раиси Палатаи савдо ва саноат ҳамроҳи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шоми 3-юми август ба Туркманистон рафтаанд.

Манбаъ афзуд, дар доираи ин сафар имрӯз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва музокироти сатҳи олии ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор мешавад.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни ин мулоқоту музокирот масоили марбут ба тақвияти муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвар баррасӣ гардида, якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расад.

Нишасти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 6-уми августи соли равон дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон баргузор мешавад.

Қаблан Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дода буд, ки масоили вобаста ба омодагӣ ҷиҳати баргузории ин вохӯрӣ дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд баррасӣ шудааст.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов зимни гуфтугӯи телефонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи гузашта аз ҳамтои тоҷики худ даъват ба амал оварда буд, ки барои анҷоми як сафар ба Туркманистон биёяд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон рафт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед