Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон рафт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон рафт
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон рафт

Нашр шуд

Президенти Тоҷикистон бо даъвати сарвазири Ҷумуҳурии исломии Покистон Имрон Хон ба Покистон рафт.

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар кард.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Тоҷикистонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин бора дафтари матбуотии Президенти кишвар хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони нақлиёт, фарҳанг, маориф ва илм, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раисони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон бори охир соли 2017 барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба Покистон рафта буд. Аз соли 1994 то ба ҳол Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ 7 бор ба Покистон сафар намудааст.

Рустами Эмомалӣ дар Маскав: натиҷаҳои асосии сафар

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед