Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин паëми таслият фиристод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин паëми таслият фиристод
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин паëми таслият фиристод

Нашр шуд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар пайи ҳодисаи Ижевск ба ҳамтои руси худ паëми таслият ирсол кард.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин номаи таслият фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:

"Хабари фоҷеабори ҳамлаи ғайриинсонии мусаллаҳонаро дар яке аз мактабҳои шаҳри Ижевск, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо нафар кӯдакон ва шаҳрвандони болиғи Федератсияи Русия гардид, бо андӯҳи амиқ дарёфтам".

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи ин паëм ба ҳамтои руси худ ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву таслият изҳор намуда, хостори шифои оҷили ҳамаи осебдидагон гаштааст.

Субҳи дирӯз дар шаҳри Ижевск, пойтахти кишвари Удмурти Русия як сокини 34-солаи ин шаҳр бо силоҳ ба мактаби рақами 88 ҳамла кард ва сипас даст ба худкушӣ зад. Ба гузориши "РИА Новости", 15 нафар, аз ҷумла 3 муаллим қурбонии ин ҷинояти мудҳиш гардиданду 24 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Дар кишвари Удмурт мотами умумӣ эълон шудааст.


Эмомалӣ Раҳмон дар Самарқанд оромгоҳи Ислом Каримовро зиëрат кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед