Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ба Ворӯх сафар намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба Ворӯх сафар намуданд
Расм аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба Ворӯх сафар намуданд

Нашр шуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Ворӯхи шаҳри Исфара ташриф оварданд. Роҳбари давлат сафари худро аз боздиду ифтитоҳи иншоотҳо оғоз мекунанд.

Аввалин иншооте, ки мавриди ифтитоҳ қарор гирифт ин парчами баландии 50 метр дошта мебошад ва дар гирду атрофи он боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд шудааст.

Дар борабири ин боз аз боғҳои интенсивӣ, маркази хизматрасонӣ, коргоҳи дӯзандагию қаннодӣ боздид карда дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг ширкат намуда бо сокинони маҳаллӣ суҳбат мегузаронанд.

Тавре хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари давлат ин сафар сафари нақшавӣ буда ба вазъи кунунии сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон рабте надорад.

Хотиррасон мекунем, ки имрузҳо Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар ҳалли масъалаи делимитатсия ва демаркатсияро баррасӣ намуда истодаанд.

Моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон 13 апрел оғоз мешавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед