Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими кушодашавии Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ба Чин сафар кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими кушодашавии Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ба Чин сафар кард
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими кушодашавии Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ба Чин сафар кард

Нашр шуд

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV-и зимистонаи олимпӣ рӯзи 4-уми феврали соли 2022, ба вақти Душанбе соати 17:00 дар Пекин баргузор мегардад.

Тавре Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, дар ин сафари расмӣ Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Ёрдамчии Президенти  Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар ҳайати расмӣ ҳамроҳӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин 16 рӯз буда, вазишгарон аз кишварҳои ҷаҳон барои дарёфти 109 маҷмӯи медалҳо рақобат хоҳанд кард.

Чанде қабл "Азия-плюс" навишта буд, ки ба иллати паҳншавии бемории коронавирус ягон варзишгари тоҷик муҷаввизи ширкат дар олимпиадаро ба даст оварда натавонистанд.


Фариштаю Мафтуна беҳтаринҳои қаҳрамонии CAFA-2022 оид ба фтузал миёни бонувон гардиданд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед