Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон бинои нави факултаи иқтисодӣ ва хобгоҳи навро ифтитоҳ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бинои нави факултаи иқтисодӣ ва хобгоҳи навро ифтитоҳ карданд
Расм аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бинои нави факултаи иқтисодӣ ва хобгоҳи навро ифтитоҳ карданд

Нашр шуд

Имрӯз, 22 январ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ифтитоҳи бинои нави факултаи “Иқтисод ва молия”, Осорхонаи Пешвои миллат ва хобгоҳи № 8  воқеъ дар шаҳраки донишҷӯён иштирок намуданд, хабар медиҳадХадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Бинои нави таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои 5048 донишҷӯ буда, ҳамаи шароитҳои зарурӣ аз қабили осорхона, китобхона бо китобҳои гуногун ва ҳар забон, синфҳои компӣютерӣ бо китобхонаи электронӣ, ошхона, толорӣ варзишӣ муҳайё карда шудааст. Бинои нав иборат аз  7-ошёнагӣ иборат буда, дар он факултети молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ  ҷойгир шудаанд.

Бинои Хобгоҳ бошад бошад аз 12 ошёна ва 207 ҳуҷра иборат буда, дар онҷо беш аз ҳазор нафар донишҷӯён истиқомат карда метавонанд. Хобгоҳ низ ба талаботи замона ҷавобгу мебошад.

Санги аввали бинои хобгоҳро президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 гузошта буданд.

Ба ғайр аз ин, боз санги аввали бинои боз як хобгоҳ барои 2476 нафар гузошта шуд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 9 ихтисоси навро ифтитоҳ кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед