Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои мисрии худ Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ дидор намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои мисрии худ Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ дидор намуд
Акс: Хадамоти матбуоти Сарвари давлати Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои мисрии худ Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ дидор намуд

Нашр шуд

Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Миср тақвият меёбад.

Тавре Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, рӯзи 10-уми марти соли 2022 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои мисрии худ вохӯрӣ анҷом додааст.

Дар ҷараёни мулоқот миёни сарони давлатҳо перомуни масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Миср дар самтҳои иқтисод, тиҷорат, саноату сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, истихроҷу коркарди маъдан, сайёҳӣ ва истифодаи имконияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ табодули афкор сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ба мавзӯи ташкил ва тақвият додани фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ бо мақсади густариш додани ҳамкории фарогири тарафайн диққати махсус дода шудааст.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ ба мувофиқа расидаанд, ки кори Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Миср доир ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ ҷоннок карда шавад.

Бо мақсади тавсеа ва густариш додани ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ ва боло бурдани ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ пешниҳод гардидааст, ки Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Миср баргузор гардад ва инчунин Шӯрои соҳибкорони ду давлат таъсис дода шавад.

Зимнан, сарони ду кишвар ҳавасмандии худро атрофи масъалаи рушд додани робитаҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ иброз намудаанд.

Дар фарҷоми музокирот Эмомалӣ Раҳмон Абдулфаттоҳ Ас-Сисиро ба Тоҷикистон даъват намудааст.

Қайд менамоем, ки 10-уми марти соли 2022 аз рӯйи натиҷаҳои кори Анҷумани соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.


Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои қирғизашро ба тамошои Варзоб бурд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед