Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Парлумони Аврупо дидор намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Парлумони Аврупо дидор намуд
Акс: Хадамоти матбуоти Сарвари давлати Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Парлумони Аврупо дидор намуд

Нашр шуд

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон Президенти Тоҷикистон бо ҳайати вакилони Парлумони Аврупо бо роҳбарии Давид Макаллистер мулоқот кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонии ҷонибҳо баррасӣ шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз мавқеи хосаи Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва робитаи дуҷониба изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Дар ин дидор бар густариши робитаҳо дар чаҳорчӯби Комиссия ва Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон — Иттиҳоди Аврупо таъкид шудааст.

Ҳамчунин, Тоҷикистон аз дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар давраи авҷи пандемия низ қадрдонӣ кардааст.


Дидори Сафир бо Дабири кулл ва баррасии равобити Тоҷикистон бо кишварҳои Халиҷ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед