Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони 3 кишвари узви СПАД сӯҳбати телефонӣ анҷом дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони 3 кишвари узви СПАД сӯҳбати телефонӣ анҷом дод
Акс: Kun.uz

Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони 3 кишвари узви СПАД сӯҳбати телефонӣ анҷом дод

Нашр шуд

Сӯҳбати телефонии намояндагони СПАД дар пасманзари вазъи нигаронкунандаи Қазоқистон сурат гирифтааст.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки сӯҳбати телефонии Раҳмон бо ҳамтоёни қазоқу ӯзбекаш рузи 6-уми январ ба вуқӯъ пайвастааст.

Ҳамзамон, рӯзи 5-уми январ Сарвари кишвар бо Никол Пашинян, Сарвазири Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ низ муколамаи телефонӣ анҷом додааст.

Ба таъкиди манбаъ, сӯҳбати телефонии Раҳмон бо Тоқаев бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон сурат гирифта, зимни гуфтугӯ раисҷумҳури ин кишвар бо Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи феълии Қазоқистон, чораҳои андешидашудаи роҳбарият ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ мубодилаи иттилоъ намудааст.

Ҳамчунин, зимни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои ҳамтои худ ҷонибдорӣ намуда, таъкид доштааст, ки ба воситаи муколама истиқрори субот ва тартиботи ҳуқуқӣ дар Қазоқистон имконпазир хоҳад шуд.

Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон омода аст, тибқи ӯҳдадориҳои ҳампаймонии хеш дар василаҳои сулҳофарии СПАД иштирок намояд.

Хадамоти матбуоти Президент менависад, ки роҳбарияти кишвар ва Мирзиёев ҳангоми сӯҳбати телефонӣ меҳвари вазъи ноустувори Қазоқистон ибрози ақида намуда, хоҳони ҳарчӣ зудтар барқарор гаштани оромӣ ва тартибот дар ин кишвар шудаанд.

Зимнан, ҷониби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъкид доштаанд, ки омодаанд дар самти таъмини сулҳу амонӣ ва субот дар минтақа ҳамкориҳои дуҷонибаро таҳким диҳанд.

Гуфта мешавад, ки Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД зимни сӯҳбати телефонӣ ба роҳбарияти Тоҷикистон оид ба муроҷиати расмии Президенти Қазоқистон маълумот додааст.

Пашинян таъкид доштааст, ки кишварҳои узви СПАД муаззафанд, ки ҷиҳати бартараф кардани таҳдидҳои бамиёномада ба Қазоқистон кӯмак расонанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ эълом доштааст, ки ба ҳайси аъзои созмон омодааст дар иқдоми пешгирифтаи СПАД ҷиҳати истиқрори тартибот дар Қазоқистон иштирок варзад.

Ёдовар мешавем, ки тазоҳурот ва бетартибӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар пайи ба кӯчаҳо баромадани эътирозгарон, ки поин бурдани арзиши гази моъеро талаб доштанд, сурат гирифт.

Шоми 5-уми январ роҳбарияти Қазоқистон аз шарикони СПАД дархости кӯмак намуд.


Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон аз СПАД кӯмак дархост кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед