Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

Нашр шуд

Дар 28 соли ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон 100 лоиҳа дар соҳаҳои мухталиф, ба маблағи 2,1 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ гардидааст.

19-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйердеро мулоқот намуд. Дар ин бора дафтари матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот масоили ҳамкориҳои ҳозира ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо хонум Анна Бйерде масъалаҳои вазъи Тоҷикистон дар давраи пандемияи КОВИД-19, таъсири он ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо шарикони рушд барои пешгирии ин бемории сироятӣ ва бартараф намудани паёмадҳои онро муҳокима намудаанд.

Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории баъдиро дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, дастгирии буҷети давлатӣ, рушди бахши соҳибкорӣ, бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқуллода ва офатҳои табиӣ, баррасӣ кардаанд.


Сӯҳбати телефонии президентҳо дар рӯзи иди Фитр


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед