Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони кишварҳои ИДМ ҳамдигарро бо Соли нав табрик намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони кишварҳои ИДМ ҳамдигарро бо Соли нав табрик намуданд
Расм аз ТАСС

Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони кишварҳои ИДМ ҳамдигарро бо Соли нав табрик намуданд

Нашр шуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони дигар кишварҳо ҳамдигарро бо Соли нав Табрик намуданд.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефони бо президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев бо Соли навӣ мелоди табрик намуданд. Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки новобаста аз шароити имрӯза ва вазъи эпидемиологӣ, муносибатҳои дуҷониба бо ин кишварҳо рушд ёфта истодаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зимни суҳбати телефонӣ бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба иқдомҳои башардӯстонаи Ӯзбекистон нисбат ба Тоҷикистон ҳамчун шакли олии ифодаи анъанаҳои неки ҳамсоягӣ ва дастгирии ҳамдигар баҳои баланд дод.

Қаблан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Владимир Путин Президенти Федератсияи Россия дар суҳбати телефони табрикоти якдигарро расониданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед