Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиëев суҳбати телефонӣ анҷом дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиëев суҳбати телефонӣ анҷом дод
Фото: ASIA-Plus

Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиëев суҳбати телефонӣ анҷом дод

Нашр шуд

Президенти Тоҷикистон ба ҳамтои ӯзбеки худ дар бораи вазъи ахири минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфтааст.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар дод, ки имрӯз миëни Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиëев гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифтааст ва дар ин суҳбат сарони ду давлат натиҷаҳои нишасти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро дар Самарқанд баррасӣ намудаанд.

Гуфта мешавад, Президенти Тоҷикистон ба ҷанбаҳои ташкилӣ ва мундариҷавии ин рӯйдоди муҳимми минтақавӣ баҳои баланд дода, барои пазироии гарм ва меҳмоннавозии анъанавӣ ба ҳамтои ӯзбеки худ изҳори сипос кардааст.

Манбаъ афзудааст, дар ин баробар, Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиëев дар бораи рушди ахири вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфтааст.

Ҳамчунин, тарафҳо баъзе масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ баррасӣ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз Тоҷикистону Қирғизистон рэпротоколеро имзо намуданд, ки тибқи он қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, амнияти сокинон таъмин мешавад.

Дирӯз ҳамчунин, Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо Дабири кулли СММ оид ба рӯйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон иттилоъ дод.

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Самарқанд нишасти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардида буд.


Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед