Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон вазъи Афғонистонро ба баррасӣ кашид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон вазъи Афғонистонро ба баррасӣ кашид
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон вазъи Афғонистонро ба баррасӣ кашид

Нашр шуд

Ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат 30-уми августи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маасро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вазъи пурпечутоб ва ташвишовари Афғонистон меҳвари гуфтугӯ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба вазъи мураккаб дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори ташвиш карда, яке аз омилҳои ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистонро дар таъсиси Ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ маънидод намуд.

Сарвари кишвар бо такя ба нақши СММ таъкид кард, ки таҳти сарпарастии ин Созмон ва иштироки фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаккули Ҳукумати фарогир дар Афғонистон тадбирҳои лозима андешида шаванд.

Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳолати ниҳоят мушкил, кишварҳои қудратманд бояд бетарафиро пеша накунанд ва барои истиқрори вазъ дар ҳамсоякишвар кушиш ба харҷ диҳанд, дар акси ҳол Афғонистон метавонад ба ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ кашида шавад.

Вазири федералии корҳои хориҷии Олмон дар муътадил намудани вазъ тавассути гуфтушунидҳо ва таъсиси ҳукумати фарогир мусоидат намуданро иброз намуд.

Чанд рӯз қабл Эмомалӣ Раҳмон ба Эммануэл Макрон, ҳамтои фаронсавии худ дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки Тоҷикистон ҷонибдори таъсиси як давлати сулҳҷӯёна ва устувор дар Афғонистон бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад.



Вазири хориҷии Олмон барои баррасии вазъи Афғонистон ба Душанбе меояд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед