Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Туркманистон мулоқот намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Туркманистон мулоқот намуд
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Туркманистон мулоқот намуд

Нашр шуд

Муовини раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон бо мақсади иштирок дар Форуми «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» ба Тоҷикистон ташриф овард.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, имрӯз Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов мулоқот намуд.

Ба шарҳи манбаъ, ҷонибҳо дар рафти дидор атрофи Саммити 15-уми кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон гузашт, ибрози афкор намуданд.

Таъкид мегардад, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Рашид Мередов масъалаи зарурати татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои қаблан ҳосилшударо баррасӣ карданд.

Чӣ тавре, ки Хадамоти матбуоти Президент қайд менамояд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои асосии рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавиро муҳокима карданд.

Ёдовар мешавем, ки 13-умин Форуми ҳамкории "Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея" соли гузашта 25-уми ноябр дар шаҳри Сеули Корея баргузор гардида буд. 


Дар Душанбе Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед