Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд меравад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд меравад
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд меравад

Нашр шуд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ барои анҷоми як сафари корӣ ба вилояти Суғд меравад ва аз чанд шаҳру навоҳии шимоли кишвар дидан мекунад.

Як манбаъ аз Ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ додааст, ки фардо 9-уми август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд меояд ва аз шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Конибодом ва Бӯстону Гулистон боздид ба амал меорад.

Гуфта мешавад, ин сафари Сарвари давлат чаҳор рӯз идома меёбад ва ҳадафи он ошно гаштан бо сатҳи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти навбунёд ва мулоқот бо сокинону фаъолони вилоят аст.

Аз ҷумла, дар ҷараёни ин сафар дар шаҳрҳои Бӯстону Истаравшан ва Конибодом Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба баҳрабардорӣ расидани чанд корхонаи саноатӣ ширкат меварзад.

Қаблан Бозрасии давлатии автомобилии Суғд ҳам бо нашри як эълони расмӣ аз маҳдуд гаштани ҳаракат дар роҳҳои вилоят зимни сафари Президент хабар дода буд.

Моҳи гузашта Президент бо сафари корӣ аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон боздид карда, дар маросими ифтитоҳи чандин иншооти тозабунёд ширкат намуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон ба таври пайваста ба манотиқи гуногуни кишвар сафар мекунад ва дар баробари ифтитоҳи иншоот бо мардум ва фаъолон суҳбатҳо меорояд. Моҳи феврали соли ҷорӣ низ Сарвари давлат ба вилояти Суғд рафта буд.


Сафари кории шаҳрдори Душанбе ба Москва


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед