Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: Чаро истеъдодҳои ҷавон барои таҳсил ба хориҷи кишвар мераванд?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Чаро истеъдодҳои ҷавон барои таҳсил ба хориҷи кишвар мераванд?
Акс: Avesta.tj

Эмомалӣ Раҳмон: Чаро истеъдодҳои ҷавон барои таҳсил ба хориҷи кишвар мераванд?

Нашр шуд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз Сарвари давлат супориш гирифт, ки ба зудӣ консепсияи лоиҳаи рақамиро таҳия карда, ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумат пешниҳод намояд.

Дирӯз Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон таъкид дошт, ки сатҳи таълими забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои миёнаю олии мамлакат ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест.

Зимнан, Сарвари давлат арз дошт, ки завқи хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзиёт, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ баланд бардошта шавад.

Дар робита ба ин, Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф дастур дод, ки ҷиҳати омода намудани муаллимони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ шӯъбаҳои алоҳида кушода шаванд.

"Қариб 42 ҳазор истеъдодҳои ҷавони мо ба хориҷи кишвар равон карда шуданд. Барои чӣ? Чунки дар базаи донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакати мо чунин факултаю гурӯҳҳо вуҷуд надоранд. Омӯзгорони касбии ба сатҳи баланд донандаи забонҳои хориҷӣ нестанд. Барои ҳамин ҷавонон маҷбур мешаванд, ки ба хориҷи кишвар раванд".

Ҳамчунин, Президент қайд намуд, ки дар маҷмӯъ дар ҳамаи муассисаҳои олии кишвар таълими забони русию англисӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.

Ба шарҳи Сардори давлат, системаи маорифи Тоҷикистон аз система тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ қафо мондааст.

 "Ба ҷуз аз омӯзгорони фаннӣ, ҳар як омӯзгори муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки то қадре забонҳои хориҷиро донанд ва бо хонандагон муошират карда тавонанд",- илова намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳур аз робитаҳои дипломатии Тоҷикистон бо 180 кишвари дунё ва муносибатҳои тиҷоратии мамлакат бо 130 давлати хориҷӣ  хотиррасон шуда, изҳор дошт, ки дар ояндаи наздик дар сохторҳои давлатӣ танҳо кадрҳое ба кор қабул карда мешаванд, ки ҳадди ақал бо ду забони хориҷӣ ба мисли забони модарияшон муошират карда тавонанд.

Хотиррасон менамоем, ки мувофиқ ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар соли 2020 шумораи донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, 34065 нафарро ташкил додааст. 



Эмомалӣ Раҳмон: Дар панҷ соли оянда бояд 870 корхонаи саноатӣ бунëд гардад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед