Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: Дар баҳси марзӣ бо Қирғизистон ба пешрафти ҷиддӣ даст ёфтем

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Дар баҳси марзӣ бо Қирғизистон ба пешрафти ҷиддӣ даст ёфтем
Акс: Дафтари матбуотии ВКХ Русия

Эмомалӣ Раҳмон: Дар баҳси марзӣ бо Қирғизистон ба пешрафти ҷиддӣ даст ёфтем

Нашр шуд

Александр Лукашенко, президенти Беларус рӯзи 23-уми ноябр дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД дар Ереван аз қавли Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон гуфт, ки «дар ҳалли масъалаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон пешрафтҳои ҷиддӣ ба даст омадааст».

Лукашенко дар ин маврид гуфт: «Ҳамон тавре ки Эмомалӣ Шарипович гуфт, бо президенти Қирғизистон як пешрафти хеле ҷиддӣ ҳосил шудааст. Агар бихоҳем як созмони воқеии бомасъулият бошем, мо бояд ин ихтилофотро бартараф кунем. Агар мо наметавонем ин масъалаҳоро дар дохили худ ҳал кунем ва пеш равем, пас мо чӣ тавоноӣ дорем? Бинобар ин гомҳои бисёр ҷиддие дар самт гузошта шудааст».

Ёдовар мешавем, ки қаблан Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзи 17-уми ноябр дар ҷаласаи парлумони кишвараш гуфт, ки агар монеае пеш наояд, Бишкек қасд дорад то соли нави 2023 мушкилоти марзӣ бо Тоҷикистонро ҳал кунад.

Бояд гуфт, ки тӯли марзи муштараки Қирғизистону Тоҷикистон 972 километрро ташкил медиҳад, ки ҳоло ҳамагӣ ҳудуди 600 километри он мувофиқа шудааст.

Ба далели номуайян будани хатти марзи давлатӣ миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон зуд-зуд муноқишаҳо рух медиҳанд. Охирин даргирии густурда дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рӯзҳои 14-17 сентябр рух дода буд. Бар асари задухӯрди мусаллаҳона, тибқи маълумоти расмӣ, 63 шаҳрванди Қирғизистон ва 41 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед