Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Анзоби ноҳияи Айнӣ 3 иншооти соҳаи маорифу тибро ифтитоҳ намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Анзоби ноҳияи Айнӣ 3 иншооти соҳаи маорифу тибро ифтитоҳ намуд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Анзоби ноҳияи Айнӣ 3 иншооти соҳаи маорифу тибро ифтитоҳ намуд

Нашр шуд

Мактаб-интернати наву замонавӣ, ки дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22 сохта шудааст, ба истифода дода шуд.

Ба иттилои АМИТ "Ховар", имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафараш ба ноҳияи Айнӣ бинои нави Мактаб – интернатро ба истифода дод. Муассисаи мазкур барои таълиму тарбияи сокинони деҳоти Анзоб ва водии Яғноб пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, дар ин муассиса хобгоҳ бунёд гардидааст, ки он дар маҷмӯъ барои 110 нафар пешбинӣ шудааст.

Президент дар маросими ифтитоҳ ба омӯзгорону мураббияҳо таъкид кард, ки нисбат ба сатҳу сифати таълиму тарбияи наврасон бетаваҷҷӯҳ набошанд.

Ғайр аз бунёди хобгоҳи мактаб-интернат, инчунин бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22, ки соли 1985 бунёд гардидааст, навсозӣ шуда, бо тамоми шароитҳои барои таҳсил зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Бинои мактаб аз 4 ошёна иборат буда, барои 740 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

20 нафар ятими кулли деҳоти Анзоб ва 40 нафар наврасони водии Яғноби ноҳияи Айнӣ аз президент тӯҳфаҳо гирифтанд.

Ҳамчунин, дар деҳаи Анзоб таваллудхонаи нави Маркази саломатии деҳоти Анзоб ифтитоҳ гардид.

Бинои таваллудхона аз 5 ҳуҷра, аз ҷумла, ҳуҷраҳои қабул, таваллуд ва баъди таваллуд, хатна ва утоқи кории духтурон иборат аст.

Ёдовар мешавем, ки то ин дам, дар деҳаи мазкур таваллудхона набуд ва сокинонро мебоист 40-50 километр роҳро тай кунанд.



Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамкорӣ дар соҳаи амният самти муҳимми муносиботи Душанбеву Пекин аст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед