Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе бо Мудири кулли Бунёди Кувайт дидору гуфтугӯ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе бо Мудири кулли Бунёди Кувайт дидору гуфтугӯ кард
Акс: Sputnik

Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе бо Мудири кулли Бунёди Кувайт дидору гуфтугӯ кард

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо Марван Абдуллоҳ-ал Ғоним, Мудири кулли Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб мулоқот ва масоили густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард. 

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар мулоқоти имрӯзи Эмомалӣ Раҳмон бо Марван Абдуллоҳ-ал Ғоним вазъи кунунӣ ва дурнамои  равобити дӯстиву ҳамкории Тоҷикистону Кувайт мавриди муҳокима қарор гирифт.

Президенти кишвар таъкид дошт, ки Тоҷикистон хостори тавсеа ва рушди муносиботи гуногунҷанба бо Кувайт ва муассисаи муҳимми молии ин кишвар – Бунёди Кувайт мебошад. 

Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, саноати металлургияи ранга, сабук ва хӯрокворӣ, сохтмон, роҳу коммуникатсия ва сайёҳӣ аз авлавиятҳои густариши равобити тарафҳо унвон шуд.   

Манбаъ меафзояд, Бунёди Кувайт аз соли 2001 дар сармоягузории панҷ лоиҳа дар Тоҷикистон дар заминаҳои нақлиёт ва энергетика саҳм мегузорад.  

Раҳмон ва Абдуллоҳ-ал Ғоним баргузории Форумҳои соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт ва намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзию саноатиро аз омилҳои муҳимми рушди равобит  унвон карданд. 

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Давлати Кувайт 31 марти 1995 барқарор шудаанд. Миёни ду кишвар то имрӯз 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1995, 2013  ва 2016  аз Давлати Кувайт боздиди расмӣ ба амал овардааст. 

Моҳи марти 2016-ум дар  Кувайт намоиши барномаҳои консертӣ, намоиши аксҳо, ҳамчунин ярмарка-намоиши маҳсули дастии ҳунармандон ва хӯрокҳои миллии Тоҷикистон баргузор гардида буд.


Завқизода: Баъди узвият дар СУТ ҳаҷми содироти Тоҷикистон ду баробар афзоиш ёфтааст




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед