Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар Ишкошим ва Хоруғ ба мардум хона тӯҳфа кард
Нашр шуд
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зарардидагони офатҳои табиӣ ва оилаҳои ниёзманд манзилҳои нави маскунӣ ҳадя кард.
Рӯзи 13 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошим Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар деҳаи Зугванди поёни деҳоти Зонг хонаҳои истиқоматии навбунёдро ба 13 оилаи аз офати табиӣ зарардида, тақдим кард.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии раҳбари Тоҷикистон, биноҳои нави истиқоматӣ дар давоми бештар аз як моҳ бунёд гардида, бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин шудаанд.
Хонаҳои истиқоматии он дорои 5 ҳуҷра, ошхона, долон, роҳрав ва дигар шароити зарурӣ мебошанд.
Ҳамчунин ҳар як хонаи истиқоматӣ бо хатти барқ ва об таъмин мебошанд.
Инчунин дар маҳаллаи навбунёд дар масоҳати 8 садяк замин майдончаи варзишии наву замонавӣ сохта шудааст.
Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон супориш дод, ки ба ҳар як оилаи маҳаллаи навбунёд 1 сар чорвои калони ҷӯшо, 10 сар моли майда ва сару либоси зимистона дастрас намоянд.
Инчунин рӯзи 13 октябр Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 10 ошёна мавриди истифода қарор дод.
Бинои баландошёна 154 хонаи истиқоматӣ дошта, бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 75 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Дар ин бино 56 хона ҳамчун туҳфа аз номи Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони шаҳри Хоруғ ва 6 манзили зист ба омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Академик Моёншо Назаршоев тақдим карда шуд.
Хонаҳои истиқоматӣ бо ошхона ва дигар лавозимоти рӯзгор таъмин таъмин ҳастанд.
Инчунин хонаҳои истиқоматӣ дар фасли зимистон бо шабакаи гармидиҳӣ тавассути барқ таъмин хоҳанд шуд.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед