Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд аввалин маркази осебшиносӣ дар кишварро ифтитоҳ намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд аввалин маркази осебшиносӣ дар кишварро ифтитоҳ намуд
Акс: SugdNews

Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд аввалин маркази осебшиносӣ дар кишварро ифтитоҳ намуд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳри Хуҷанд чандин иншооти навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ дар Суғд дар маркази ин вилоят маркази “Ортопедия ва технологияи муосир” ва бинои асосии Беморхонаи клиникавии шаҳрии рақами якро ифтитоҳ намуд.

Гуфта мешавад, маркази “Ортопедия ва технологияи муосир” аввалин маркази махсусгардонидашудаи осебшиносӣ ва раддодӣ дар Тоҷикистон буда, бо таҷҳизоти замонавии ташхису табобат муҷаҳҳаз мебошад.

Манбаъ афзудааст, дар ин марказ барои табобати беморон дастгоҳҳои артоскопӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти электронӣ–оптикӣ, ултрасадо, денситометрия, кардиомонитор, тамизгардонӣ, мизи ҷарроҳӣ, кати функсионалии “Армед” истифода мегардад.

Таъкид шудааст, дар беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд, ки онро баъди таъмиру навсозии куллӣ Сарвари давлат ифтитоҳ намудааст, усулҳои муосири ташхис, табобат ва ҷарроҳӣ бо истифода аз таҷрибаҳои тибби ҷаҳонӣ роҳандозӣ мегардад.

Дафтари матбуоти Президент илова намудааст, ки  бинои асосии табобатии ин беморхона баъди 50 соли истифода бори нахуст пурра таъмир шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд инчунин муассисаи таҳсилоти томактабии «Шукуфаи Истиқлол» ва як бинои нуҳошëнаи истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.

Эмомалӣ Раҳмон се рӯз пеш бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд рафта буд. Дар рӯзи аввали сафараш Сарвари давлат аз шаҳри Бӯстону ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан карда, дар рӯзи дуюм аз шаҳри Истравшан ва дар рӯзи сеюм аз шаҳри Конибодом боздид ба амал овард ва дар ин ноҳияву шаҳрҳо чандин иншооти тозабунëдро ифтитоҳ намуд.


Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои саноатиро дар вилояти Суғд ифтитоҳ намуданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед