Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон дар Конибодом хатти оби полезӣ, мактабу кӯдакистон ва коргоҳ кушод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар Конибодом хатти оби полезӣ, мактабу кӯдакистон ва коргоҳ кушод
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар Конибодом хатти оби полезӣ, мактабу кӯдакистон ва коргоҳ кушод

Нашр шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо ҷараёни корҳои сохтмонии роҳи мошингарди Конибодом-Кӯчкак шинос шуд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Эмомали Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 10 сентябр дар шаҳри Конибодом хатти оби полезии шохоби рӯди Сир барои обёрии 2500 гектар замини деҳаҳои Сомониён, Кӯчкак, Файзбор, Бекобод ва Хамирҷӯйро мавриди истифода қарор дод.

Гуфта мешавад, ки пойгоҳи обкашии “Истиқлол” аз 2 хатти оби полезӣ иборат буда, об аз масофаи 9200 метр аз “Баҳри тоҷик” то заминҳои кишоварзӣ интиқол меёбад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти нави обрасонӣ мушкилоти норасоии оби полезӣ дар ин минтақа пурра бартараф гардид.

Инчунин имрӯз дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 иштирок намуд.

Бинои мактаб аз ду ошёна иборат буда, дорои 16 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ аст. Бинои нави мактаб барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар мактаб 29 омӯзгор фаъолият доранд, ки 27 нафари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд.

Инчунин дар ин рӯз дар шаҳри Конибодом бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони №1 ба номи “Нури Робия” мавриди истифода қарор гирифт. Ин боғча барои таълиму тарбияи 180 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон дар маркази шаҳри Конибодом бинои кӯдакистони №2-и “Ситора” пас аз навсозӣ ифтитоҳ шуд. Ин кӯдакистон барои 250 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ гардидаст.

Дар баробари ин дар шаҳри Конибодом коргоҳи истеҳсоли пойафзоли “Фароғат” ифтитоҳ шуд. Дар коргоҳ 12 дастгоҳи пойафзолдӯзӣ, дастгоҳи гулзании пойафзол ва дигар таҷҳизоти лозима аз Чин васлу насб гардидааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як моҳ 130 ҷуфт ва дар як сол 50 ҳазор ҷуфт пойафзол пешбинӣ шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом инчунин корхонаи бандубасти меваи хушки ширкати “Неруи Канд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Самти фаъолияти корхонаи мазкур коркард ва бандубасти зардолуи хушки бедонак буда, иқтидори истеҳсолиаш ҳазор тонна дар як сол мебошад. Маводи хом барои корхона аз хоҷагиҳои деҳқонии шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва ноҳияи Ашт харидорӣ карда мешавад.

Тибқи нақша дар вилояти Суғд то соли 2026 таъмиру азнавсозии 12 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ пешбинӣ гардида, ба ҳолати якуми августи соли ҷорӣ дар ин вилоят бунёду таҷдиди 6700 иншоот ба анҷом расидааст, ки 58 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 106 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кардааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед