Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Фаронса иштирок мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Фаронса иштирок мекунад
Акс: Akhbor-rus

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Фаронса иштирок мекунад

Нашр шуд

Сафари Президент дар шаҳри Париж то 14-уми октябр давом мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз - 12-уми октябр, сафари расмии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса оғоз мешавад.

Дар доираи сафар вохӯриҳои сатҳи баланд дар назар буда, дар чаҳорчӯби мулоқот, дар қатори дигар масоили мубрами рӯз, инчунин вазъи Афғонистон баррасӣ мегардад.

Зикр мегардад, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии намоиши нигораҳои таърихӣ таҳти унвони "Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ" дар осорхонаи Гимейи шаҳри Париж иштирок мекунад.
Ҳамчунин, иштироки президент дар чорабинии бахшида ба "Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон" дар дафтари ЮНЕСКО ба нақша гирифта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон бори охир ба Ҷумҳурии Фаронса 7-уми ноябри соли 2019 расман ташриф оварда буд, ки он то 12-уми ноябр давом ёфт. 

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси парлумони Кореяи Ҷанубӣ



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед