Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав: аз гуфтугӯ бо Владимир Путин дар бораи муҳоҷирон ва марз то иштирок дар ҷашни Ғалаба

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав: аз гуфтугӯ бо Владимир Путин дар бораи муҳоҷирон ва марз то иштирок дар ҷашни Ғалаба
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав: аз гуфтугӯ бо Владимир Путин дар бораи муҳоҷирон ва марз то иштирок дар ҷашни Ғалаба

Нашр шуд

Президенти Федератсияи Русия, Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Маскав хуш истиқбол намуд.

9-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси амалкунандаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни 76-солагии Ғалаба ба шаҳри Масква рафт, ки ӯро дар Қасри Кремл Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин истиқбол гирифт.

Нахуст, президентҳо ба мизи мулоқот нишаста, якчанд масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳо, аз ҷумла масъалаҳои муҳоҷирон, ҳамкориҳои иқтисодӣ, таъсири манфии пандемия ба иқтисоди кишварҳо ва ҳамчунин вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ба баррасӣ кашиданд.

“Албатта, масъалаи муҳим, ки шумо ҳамеша онро матраҳ мекунед, ин масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ аст. Медонам, ки ин як масъалаи ҳассос барои Тоҷикистон аст. Мо ҳама кори имконпазирро анҷом медиҳем, то одамон худро роҳат ҳис кунад. Алалхусус ҳозир, ки дар бархе соҳаҳои иқтисодиёт коргар намерасад”, - изҳор дошт Путин.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх ҳамроҳи Владимир Путин иштирок намуд.

Баъди анҷоми расми паради ҳарбӣ дар Майдони Сурх Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд.

Бояд гуфт, ки дар паради ҳарбӣ ҳамчунин 190 техника ва 76 тайёраи ҳарбӣ истифода шуда, 35 намунаи муосиртарин техникаи ҳарбӣ — мудофиавӣ муарифӣ карда шуд.

Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед