Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон дар Миср ба коргоҳҳои саноатӣ пешниҳоди ҳамкорӣ намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар Миср ба коргоҳҳои саноатӣ пешниҳоди ҳамкорӣ намуд
Акс: Хадамоти матбуоти Сарвари давлати Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар Миср ба коргоҳҳои саноатӣ пешниҳоди ҳамкорӣ намуд

Нашр шуд

“Ҷипто фарма” ("Gypto pharma") корхонаи истеҳсоли дору ва “Ти энд Сӣ Гарментс” ("T&C Garments”) коргоҳи истеҳсоли матоъ ва сарулибос мебошад.

Тавре Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, 9-уми марти соли 2022 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Арабии Миср аз ду коргоҳи калони саноатӣ - “Ҷипто фарма” ва “Ти энд Сӣ Гарментс” дидан намудааст.

Таъкид гардидааст, ки “Ҷипто фарма” яке аз калонтарин коргоҳи (дар масоҳати 180 ҳаз метри мураббаъ сохта шудааст) истеҳсоли дору дар Ховари миёна мебошад ва дар он дилхоҳ намуди доруҳои табобатӣ истеҳсол мегарданд.

Баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти “Ҷипто фарма” Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти захираҳои табиати Тоҷикистон, аз қабили гулу гиёҳҳои давобахши кишвар ба намояндагони соҳаҳои саноату тандурустӣ ва ширкати дорусозии Миср пешниҳоди рушди ҳамкорӣ намудааст.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Ал-Ханка ба ширкати “Тӣ энд Сӣ Гарментс” ташриф овардааст.

Гуфта мешавад, ки ин иншооти истеҳсолӣ аз ҷониби ширкатҳои мисрии “Толба Груп” ва “Тай Груп”-и Туркия соли 2010 таъсис ёфта, он дар шаҳри Обури Миср дар масоҳати 68 000 метри мураббаъ бунёд шудааст.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи мазкур, Президенти Тоҷикистон ба роҳбарияти “Тӣ энд Сӣ Гарментс” оид ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ-истеҳсолӣ, имкониятҳои минтақаҳои озоди кишвар маълумоти муфассал додааст.

Қайд мекунем, ки ҳаҷми умумии табодули мол миёни Тоҷикистон ва Миср дар соли 2021 773,4 ҳазор долларро ташкил дода буд. Дар муқоиса бо соли 2020 хариду фурӯши мол байни кишварҳо дар соли 2021 25,5 дарсад боло рафтааст.


Ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи сейсмология


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед