Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: Дар муносибат бо кишварҳои ҳамсоя ягон ҳадафи ғаразнок надорем

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Дар муносибат бо кишварҳои ҳамсоя ягон ҳадафи ғаразнок надорем
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон: Дар муносибат бо кишварҳои ҳамсоя ягон ҳадафи ғаразнок надорем

Нашр шуд

Имрӯз Президенти Тоҷикистон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" аз вазъи ногувори Афғонистон хотиррасон шуда, қайд намуд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба масъалаҳои дохилии кишварҳои ҳамсояи худ дахолат намекунад.

Зимнан, ҳангоми суханронӣ Сарвари давлат вазъият дар Афғонистонро печида ва мураккаб арзёбӣ кард.

Ба шарҳи Раҳмон, ҳолати фоҷиабори дар қаламрави кишвари ҳамсоя баамаломада, ки 43 сол боз давом дорад, аз дахолати ҷонибҳои хориҷӣ ба корҳои дохилии ин кишвар сарчашма мегирад. 

Ҳамчунин, Президенти кишвар дар паёми худ арз дошт, ягона роҳи расидан ба сулҳу оромӣ дар Афғонистон - ин сарҷамъ кардани тамоми аҳолӣ ва ташкил намудани ҳукумати фарогири манфиатҳо аз намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва нерӯҳои сиёсӣ мебошад.

Дар идомаи паёми худ роҳбари мамлакат ба Ҳукумати кишвар дастур дод, ки аз рӯйи имкон ҷиҳати расондани кӯмаки башардӯстона ба мардуми дӯсти Афғонистон чораҷӯйӣ намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки рӯзи 19-уми декабр, Созмони Ҳамкории Исломӣ дар ҷаласаи XVII-уми ғайринавбатии Шӯро қарор қабул намуд, ки ҷиҳати пешгирии бӯҳрони башарии мардуми афғон "Хазинаи кӯмаки башардӯстона ба Афғонистон" таъсис дода мешавад ва фаъолияти он то семоҳаи аввали соли 2022 роҳандозӣ мегардад.


Президент Назарбоев ва Тоқаевро ба рӯзи Истиқлоли Қазоқистон табрик гуфт




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед