Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон хотираи Шириншоҳ Шоҳтемурро гиромӣ дошт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон хотираи Шириншоҳ Шоҳтемурро гиромӣ дошт
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон хотираи Шириншоҳ Шоҳтемурро гиромӣ дошт

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корияш дар ВМКБ бо сокинони ноҳияи Шуғнон мулоқот намуда, дар рафти суханронӣ аз корнамоии қаҳрамони зодаи ин ноҳия Шириншоҳ Шоҳтемур ёдовар шуд.

Ба маълумоти Котиботи Президент, суханронии худро дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Шуғнон Сарвари давлат бо ёди хайри фарзанди номдори ин сарзамин Шириншоҳ Шоҳтемур оғоз намуд.

"Яке аз фарзандони фарзонаи миллат, ки барои ташкили давлатдории тоҷикон хизмати дар ҳақиқат шоиста кардааст, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур – зодаи Шуғнон аст, ки ном ва корномаи ӯ имрӯз ифтихори мардуми ин диёр ва миллати тоҷик мебошад", - таъкид кард кишвардори Тоҷикистон.

Илова бар ин, зикр гардид, ки дар робита ба таҷлили сазовори ҷашни истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон 79 иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ бо маблағи умумии беш аз 75 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи сафари корӣ якчанд иншооти навбунёд, аз қабили майдончаи варзиш, як маркази муосири хизматрасонӣ, бинои маъмурии агентии меҳнат ва шуғли аҳолиро ифтитоҳ намуда, санги асоси майдони Парчами давлатиро гузошт.

Гуфта мешавад, ки то охири сол ба истифода додани боз 8 иншооти ҷашнӣ ба маблағи 50 миллион сомонӣ дар назар аст.

Президент шарҳ дод, ки дар давоми 30 сол барои корҳои сохтмони асосӣ ва рушди инфрасохтори ноҳияи Шуғнон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои сармоягузорӣ 1,9 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст.

Бар замми ин, аз ҳисоби буҷети давлат ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодии Шуғнон зиёда аз 530 миллион сомонӣ равона гардидааст.




240 оила дар шаҳри Хоруғ бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед