Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: Дар панҷ соли оянда бояд 870 корхонаи саноатӣ бунëд гардад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Дар панҷ соли оянда бояд 870 корхонаи саноатӣ бунëд гардад
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон: Дар панҷ соли оянда бояд 870 корхонаи саноатӣ бунëд гардад

Нашр шуд

Президент  гуфт, ки дар панҷ соли оянда дар кишвар бояд зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис ëбад ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ бирасад.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро зимни ироаи Паëми солонаи худ ба Парлумони кишвар имрӯз дар Кохи Сомони Душанбе таъкид намуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо баëни ин матлаб афзуд, ки дар ин панҷ сол ҳамчунин ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар бояд ба 26 дарсад расонида шуда, дар ин баробар гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин ва содироти тавлидоти саноатӣ ба хориҷ ду баробар афзоиш дода  шавад.

Президент дар идома афзуд, ки  солҳои 2022–2026 дар Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон  шавад ва Ҳукумат нақша дорад, ки дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ  2 баробар зиёд гардад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии кишварро ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон эълом намуда буд.

Бар пояи омори расмӣ, давоми як соли гузашта дар Тоҷикистон  256 коргоҳу корхонаи нав бо 2500 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намудааст.

Пеш аз ин дар кишвар солҳои 2019-2021 "Солҳои рушди деҳот, сайëҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълом шуда буд.


Эмомалӣ Раҳмон: Дар муносибат бо кишварҳои ҳамсоя ягон ҳадафи ғаразнок надорем




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед