Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргириҳои маргбори мазҳабӣ дар Покистон изҳори ҳамдардӣ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргириҳои маргбори мазҳабӣ дар Покистон изҳори ҳамдардӣ кард
Акс: Аз манбаъҳои боз

Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргириҳои маргбори мазҳабӣ дар Покистон изҳори ҳамдардӣ кард

Нашр шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки "амали ваҳшиёнаи нерӯҳои ҷиноиро" маҳкум мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ҳалокат ва захмӣ шудани шумораи зиёди шаҳрвандони Покистон, бар асари ҳамлаи террористӣ ба корвони мошинҳо дар минтақаи шимолу ғарби ин кишвар, ба Осиф Алӣ Зардорӣ - раисҷумҳур ва Шаҳбоз Шариф - сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
Дар он, аз ҷумла, омадааст: “Мо ин амалкарди ваҳшиёнаи нерӯҳои ҷиноятпешаро қотеона маҳкум карда, ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони қурбониёни ин амали террористӣ ва тамоми мардуми дӯсти Покистон изҳор менамоем. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳем”.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Франс Пресс гузориш додааст, ки дар се рӯзи ахир бар асари хушунатҳои мазҳабӣ дар ноҳияи Куррами вилояти Хайбар-Пахтунхво дар шимолу ғарби Покистон дастикам 82 нафар кушта ва 156 нафар захмӣ шудаанд.

Як мақоми маҳаллӣ ба ин расона гуфт, ки 16 тан аз кушташудагон суннимазҳаб ва 66 тани дигар шиа ҳастанд.

Бояд гуфт, ки марҳилаи нави даргириҳо миёни шиаҳо ва сунниҳо дар ноҳияи Куррами Покистон пас аз ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба ду корвони мусофирони шиа рӯзи 21 ноябр оғоз шуд, дар пайи он дастикам 43 нафар кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Франс Пресс, пас аз он шиаҳо шоми 22 ноябр ба манотиқи суннимазҳаб ҳамла карданд ва даргириҳои ду тараф то шоми 23 ноябр идома кард.

Бар асари ин даргириҳо дастикам 39 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Гуфтанист, дар ин минтақа, ки дар марз бо Афғонистон воқеъ аст, дар моҳҳои ахир даргириҳои маргбор миёни шиаҳо ва сунниҳо мушоҳида шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед