Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон дар Самарқанд бо ҳамтои эронии худ мулоқот кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар Самарқанд бо ҳамтои эронии худ мулоқот кард
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар Самарқанд бо ҳамтои эронии худ мулоқот кард

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар Самарқанд бо ҳамтои эронии худ Саид Иброҳим Раисӣ дидор намудаву густариши ҳамкориҳои Душанбеву Теҳронро баррасӣ кард.
 
Президенти Тоҷикистон имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанд бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Иброҳим Раисӣ дидору гуфтугӯ кард, хабар дод Хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
 
Дар мулоқот сарони давлатҳо аз равандҳои мусбат дар муносиботи Тоҷикистону Эрон, минҷумла муколамаи созандаи сиёсӣ ва тамоюли мусбати муомилоти тиҷоратӣ байни ду кишвар, ки дар шаш моҳи сипаришуда аллакай ба беш аз 116 миллион доллар расидааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. 

Гуфта мешавад, тарафҳо ба густариши ҳамкориҳо миёни бахшҳои хусусиву давлатӣ, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, робитаҳои мустақими минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва шаҳракҳои саноатии ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардаанд.

Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот аз таъсиси гурӯҳи кории муштарак бо мақсади истифодаи зарфиятҳои транзитии ду кишвар ва идомаи ҳамкориҳои мустақим миёни вилоятҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла барқарории равобити бародаршаҳрӣ байни онҳо ҷонибдорӣ намудааст.

Сарони Тоҷикистону Эрон ҳамчунин, бо ишора ба арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангии мардумони ду кишвар, нақши баргузории Рӯзҳои фарҳангии ҷонибҳоро дар қаламрави ҳамдигар дар ояндаи наздик муҳим хондаанд.

Масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон аз дигар мавзуоти ин мулоқот будааст.

Субҳи имрӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба манзури ширкат дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Самарқанд рафта буд.

Саммити Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои 15-16-уми сенятбр дар Самарқанд баргузор мешавад. Дар нишасти навбатии сарони СҲШ дар Ӯзбекистон имзои беш аз 30 санади мухталиф дар назар аст, ки нақшаи иҷрои Созишномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ барои солҳои 2023-2027 аз ҷумлаи онҳост. Ҳамчунин,  интизор меравад, ки  Эрон дар ин нишаст мақоми узви СҲШ-ро дарëфт намояд ва раванди қабули Беларус ба  ин созмон оғоз гардад.


Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ориф Алвӣ ва барасии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон












Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед