Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон дар Самарқанд оромгоҳи Ислом Каримовро зиëрат кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар Самарқанд оромгоҳи Ислом Каримовро зиëрат кард
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар Самарқанд оромгоҳи Ислом Каримовро зиëрат кард

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон ба манзури ширкат дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Самарқанд рафт.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар майдони ҳавоии байналмилалии Самарқанд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов, ҳокими вилояти Самарқанд Фазлиддин Умаров ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар истиқбол гирифтаанд.

Манбаъ меафзояд, сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Самарқанд  бо зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Узбекистон Ислом Каримов оғоз гардидааст.

Дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Саммити Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои 15-16-уми сенятбр дар Самарқанд баргузор мешавад. Дар нишасти навбатии сарони СҲШ дар Ӯзбекистон имзои беш аз 30 санади мухталиф дар назар аст, ки нақшаи иҷрои Созишномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ барои солҳои 2023-2027 аз ҷумлаи онҳост. Ҳамчунин,  интизор меравад, ки  Эрон дар ин нишаст мақоми узви СҲШ-ро дарëфт намояд ва раванди қабули Беларус ба  ин созмон оғоз гардад.

Дарси сулҳ: Сарвари давлат аз​ вазъи буҳронӣ ва ҳассоси ҷаҳон гуфт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед