Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар шимолшарқи Афғонистон 6 ҳазор ҷангҷӯ вуҷуд дорад”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: “Дар шимолшарқи Афғонистон 6 ҳазор ҷангҷӯ вуҷуд дорад”
Акс: Sputnik

Эмомалӣ Раҳмон: “Дар шимолшарқи Афғонистон 6 ҳазор ҷангҷӯ вуҷуд дорад”

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, дар нишасти маҷозии кишварҳои узви СААД (Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ) пешниҳод кардааст, ки бояд дар атрофи Афғонистон як камарбанди амниятӣ таъсис дода шавад.

Сарвари давлати Тоҷикистон дар ин нишаст чунин гуфтааст: "Дар маҷмӯъ, бино ба маълумоти Хадамоти кашфи Тоҷикистон, дар вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон беш аз 40 урдугоҳ ва маркази омӯзишии террористӣ вуҷуд дорад, ки дар онҳо беш аз 6000 ҷангҷӯ ба сар мебаранд."

 Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон афзудааст,  ки вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон рӯз ба рӯз печидатар мешавад.

Сарвари давлати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар атрофи Афғонистон як камарбанди амниятӣ таъсис дода шавад.

 Дар ҳамин ҳол Толибон ба гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмон вокуниш нишон дода, гуфтаанд, ки ҳеҷ таҳдиде аз хоки Афғонистон ба кишварҳои дигар вуҷуд надорад.

Толибон ҳамчунон вуҷуди ҷангҷӯён ва урудугоҳҳои онон дар марз бо Тоҷикистонро рад кардаанд. Дар ҳоле, ки ҳар рӯз дар Афғонистон гурӯҳҳои террористӣ аз вуҷуди худ хабар медиҳанд.

*Толибон – ҳаракати терорристии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


СММ хостааст, ба Афғонистон дар ҳаҷми 5 миллиард доллар кӯмак карда шавад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед