Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони милал. Садои Панҷшер ба гӯши ҷаҳон расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони милал. Садои Панҷшер ба гӯши ҷаҳон расид
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони милал. Садои Панҷшер ба гӯши ҷаҳон расид

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мушкилоти Панҷшерро ба гӯши ҷаҳониён расонд.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҷаласаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кард.

Сарвари Тоҷикистон таъкид дошт, ки вазъи бе ин ҳам ноустувори замони муосирро рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши сатҳи таҳдиду хатарҳо, инчунин паҳншавии бесобиқаи бемориҳои сироятӣ боз ҳам мураккаб кардаанд.

Роҳбари Тоҷикистон ҳамчунин бо ёдоварӣ аз фоҷеаҳои ҷанги таҳмилии дохилӣ дар кишвар зикр намуд, ки маҳз ба шарофати сиёсати “дарҳои боз” ва сулҳҷӯёна, ба Тоҷикистон муяссар шуд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовори худро пайдо намояд ва рушди устувори кишварро таъмин созад.

Раҳмон дар иртибот ба вазъи Афғонистон гуфт, ки ба сари қудрат омадани ҳаракати Толибон*, (* - созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) ки дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, раванди бе ин ҳам мураккаби геосиёсии минтақаро печидатар кардааст.

Президенти Тоҷикистон дар идомаи суханронӣ ҳамчунин аз иҷро нагардидани ваъдаҳои Толибон* дар мавриди таъсиси ҳукумати ҳамашумул, куштору ғоратгарӣ аз ҷониби аъзои ин гурӯҳ ва сукути созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар иртибот ба вазъи Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.

“Имрӯзҳо мо дар ҳодисаҳои вилояти Панҷшери Афғонистон шоҳиди нақзи фоҷиабори ҳуқуқи байналмилалии башарӣ гардида истодаем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Вай бо зикри ин матлаб афзуд, ки ба мардуми Панҷшер роҳи дастрасӣ ба озуқаворӣ, дигар маводи мавриди ниёзи аввалия, инчунин, кӯмакҳои башардӯстона баста шуда, ҳатто ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх то ҳол наметавонанд ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои башардӯстонаи худ ба минтақаи Панҷшер ворид шаванд.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунад, аммо мехоҳад тоҷикони он ҷо, ки беш аз 46 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, баробари дигар қавмҳо дар умури давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Маҷмаи Умумӣ мақоми асосии машваратӣ, дастурдиҳӣ ва намояндагии Созмони милал мебошад. Қаблан Толибон* бо ирсоли паёме хостори ширкат дар ҷаласаи ин ниҳод шуда буданд. Аммо ин таклифи онҳо пазируфта нагардид.

Эмомалӣ Раҳмон қаблан дар нишастҳои СҲШ ва СААД ки ҳамин моҳ дар Душанбе баргузор гардиданд, аз мавқеи тоҷикони Афғонистон ҳимоят карда, аъмоли Толибон*-ро ба тундӣ танқид намуда буд.

Сафари кории сарвари давлат ба Нуробод: оғози сохтмони роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед