Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, то дар моҳи Рамазон бозори истеъмолии мамлакатро бо маводи ниёзи аввал пурра таъмин намоянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, то дар моҳи Рамазон бозори истеъмолии мамлакатро бо маводи ниёзи аввал пурра таъмин намоянд
Акс: ASIA-Plus

Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, то дар моҳи Рамазон бозори истеъмолии мамлакатро бо маводи ниёзи аввал пурра таъмин намоянд

Нашр шуд

Рузи 30-юми март таҳти раёсати Сарвари давлат маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар кори маҷлис масъалаи сари вақт тайёр намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти ботартиб дар фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ба баррасӣ кашида шуда, дар ин бора Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ҳисобот ироа намудааст.

Таъкид мегардад, ки ба вазорату идораҳо, МИҲД-и ВМКБ, Хатлон ва Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, корхона ва ташкилоту муассисаҳо дастур дода шудааст, ки то рӯзи 10-уми ҳар моҳ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ маълумот пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш додааст, ки ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазам ва натиҷабахши соҳаҳо ва ҳамоҳангсозии корҳо дар мавсими тирамоҳу зимистон нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардад, инчунин дар бахши омодасозии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба фаслҳои тирамоҳу зимистон Ситоди ҷумҳуриявӣ созмон дода шавад.

Зимнан, роҳбарияти кишвар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистонро ӯҳдадор намудааст, ки то санаи 20-уми ҳар моҳ оид ба ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ба Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳисобот пешниҳод кунад.

Ҳамчунин, дар пешорӯи Иди Рамазон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати ҶТ, МИҲД-и вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои марбута дастур додааст, ки бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо бозори истеъмолии мамлакатро бо маводи ниёзи аввал пурра таъмин намоянд.


Рустами Эмомалӣ ба шинонидани 13 млн дарахту бутта ва гулҳо дар Душанбе дастур дод


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед