Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: дастури як моҳа барои барқарор намудани манзилҳои харобшуда

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: дастури як моҳа барои барқарор намудани манзилҳои харобшуда
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: дастури як моҳа барои барқарор намудани манзилҳои харобшуда

Нашр шуд

Дар муддати як моҳ бояд манзилҳои харобшудаи сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ноҳияи Исфара барқарор карда шавад.

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муддати як моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида ва осебрасида пурра бунёду барқарор гардида, бо маводи зарурии рӯзгор таъмин карда мешаванд. Ин нуктаро имрӯз, 5 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баён намудааст.

Мувофиқи маълумоти дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хонаҳои сокинони ин деҳаҳоро шаҳрвандони кишвари ҳамсоя барқасдона оташ зада, сипас наворбардорӣ карда ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудаанд.

Ҳамчунин ба оилаҳои зарардида аз тарафи роҳбарияти вилоят маводи ғизоӣ низ дастрас карда шуд.


Ҷавонону варзишгарони вилояти Суғд ба кӯмаки сокинони деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аъло рафтанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед