Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон фармон оид ба эълон шудани солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат"-ро имзо кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон фармон оид ба эълон шудани солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат"-ро имзо кард
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон фармон оид ба эълон шудани солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат"-ро имзо кард

Нашр шуд

Фармони дахлдор ҷиҳати ҳар чӣ зудтар табдил додани Тоҷикистон ба кишвари саноатӣ қабул шудааст.

Тавре Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон мувофиқ ба моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон додааст, 5 соли оянда "Солҳои рушди саноат" эълон карда шаванд.

Ба таъкиди манбаъ, бо мақсади иҷрои фармони имзошуда Раҳмон ба Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки нақшаи чорабиниҳоро бояд дар муддати шаш моҳ таҳия намуда ва ба тасдиқ пешниҳод кунанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21-уми декабри соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон таъкид дошта буд, ки дар байни солҳои 2022-2026 дар кишвар бояд беш аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис ëбанд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ бирасад.

Ҳамчунин, Президент илова намуда буд, ки тибқи нақшаи ҳукумат дар ин давра беш аз 500 000 ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд ва даромади пулии сокинон ду маротиба зиёд мегардад.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии кишварро ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон эълом намуда буд.

Лоиҳаи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед