Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати навбатӣ ба хизмати ҳарбиро имзо намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати навбатӣ ба хизмати ҳарбиро имзо намуд
Акс: Тоҷикматлубот

Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати навбатӣ ба хизмати ҳарбиро имзо намуд

Нашр шуд

Президенти Тоҷикистон рӯзи 2-юми сентябр фармон "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ"-ро имзо кард.

“Мутобиқи фармон, хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2021 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда шаванд”, омадааст дар хабари Хадамоти матбуоти Президент.

Ҳамчунин, шаҳрвандоне, ки то рӯзи даъват синнашон ба 18 сола мерасад ва онҳое, ки синну солашон калонтар аст ва ҳуқуқи озод будан, ё ин ки ба таъхир андохтани адои хизмати ҳарбиро надоранд, моҳи октябр-ноябр ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Илова бар ин, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияи даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби интихоби дақиқи даъватшавандагон ба Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо амалӣ намоянд.

Мақомоти марбута муваззаф гардиданд, ки даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд ва рафти маъракаи даъватро инъикосу тарғиб намоянд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед