Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: ИДМ ва СААД бояд фазои иттилоотиро ҳифз кунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: ИДМ ва СААД бояд фазои иттилоотиро ҳифз кунанд
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон: ИДМ ва СААД бояд фазои иттилоотиро ҳифз кунанд

Нашр шуд

Ин изҳороти Сарвари давлати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ки 10-уми январи соли ҷорӣ дар қолаби видеоконфронс баргузор гардида буд, ироа шудааст.

Тавре "evrazesnews.ru" қайд менамояд, Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД таъкид доштааст, ки ҷорӣ намудани системаи ҳифозати фазои иттилоотӣ, ки қаблан дар чаҳорчӯби ИДМ пешниҳод шуда буд, барои СААД мувофиқ ва саривақтӣ аст.

Манбаъ илова менамояд, ки роҳбарияти Тоҷикистон аз каналҳои ташкилкунандаи ҳаракати шаҳрвандон ба минтақаҳое, ки фаъолияти террористӣ дар он ҷо афзоиш ёфтааст, ёдовар шуда, идома додани корҳо оид ба ошкор ва боздоштани чунин каналҳоро муҳим арзёбӣ намудааст.

Ҳамзамон зикр мегардад, ки ба каналҳо ворид шудан ва баргардонидани нафарони дар терроризм ва ифротгароӣ дастдошта дар салоҳияти СААД қарор дорад. 

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таваҷҷӯҳи сарони СААД-ро ба  масъалаи таҳсили шаҳрвандон дар марказҳои таълимии динии хориҷӣ ҷалб намуда, пешниҳод кардааст, ки тарбияи шаҳрвандон дар чунин муассисаҳо набояд бе назорат гузошта шавад.

"Аксари вақт дар марказҳои таълимии динии хориҷӣ шаҳрвандон аз омодагии ҳамаҷонибаи ифротгароӣ мегузаранд. Ин масъала бояд дар маркази таваҷҷӯҳи махсус қарор гирад...", - шарҳ додааст, Сарвари давлати Тоҷикистон.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон илова намудааст, Тоҷикистон дар тӯли чанд соли охир беш аз панҷ ҳазор нафар шаҳрвандони худро аз чунин марказҳои таълимии динӣ  ба ватан баргардондааст.

Ёдовар мешавем, рӯзи 29-уми сентябри соли 2015 Прокуратураи генералии Тоҷикистон  Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро ҳаракати террористӣ элон намуда,  фаъолияташро тибқи қонун манъ намуда буд.


Тоқаев ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик барои дастгирӣ изҳори сипос намуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед