Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: “Хидмати Ангела Меркел дар густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Олмонро қадр мекунем”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: “Хидмати Ангела Меркел дар густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Олмонро қадр мекунем”
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон: “Хидмати Ангела Меркел дар густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Олмонро қадр мекунем”

Нашр шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодани пайғом ба Ангела Меркел Конслери пешини Олмон, аз шоистагӣ ва хадамоти вай дар заминаҳои мухталиф сипосгузорӣ кардааст.

Дар бахше аз ин паём Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст:

“Бо камоли сарфарозӣ ба Шумо барои дӯстии самимӣ, ҳусни эътимод ва ҳамкории пайваста тайи фаъолияти самарабахшатон ба сифати Конслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон сипоси амиқи ин ҷонибро иброз медорам”

Президенти кишвар нақши хонум Меркелро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Олмонро муҳим арзёбӣ карда, гуфтааст, ки ба хизматҳои вай дар ин ҷода арҷгузорӣ мекунад.

Ангела Меркел аз солҳои 2005 то 2021 роҳбари Олмон буд ва барои сиёсати башардӯстона дар муқобили муҳоҷирон ҳамеша мавриди эҳтироми хоси ҷаҳониён аст.

Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентии Қирғизистон табрик намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед