Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири навро имзо кард
Нашр шуд
Аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав ва 44 қонуни дигар ба имзо расид.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, 23-юми декабр Эмомалӣ Раҳмон 45 қонуни навро имзо кардааст, ки дар миёни онҳо Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав низ ҳаст.
Манбаъ мегӯяд, дар Кодекси нави андоз имтиёзу сабукиҳои пешина ҳифз шуда, бар илова сабукиҳои нав низ пешбинӣ гардидаанд.
Дар мавриди ташреҳи ин сабукиҳо Хадамоти матбуоти Президент навиштааст, ки аз ҷумла дар Кодекси нав шумораи андозҳо аз 10 ба 7 номгӯй расонида шуда, меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 18 ба 15 дарсад, хизматрасониҳои меҳмонхонавӣ аз 18 ба 7 дарсад, фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз 18 ба 5 фоиз кам гардидааст.
Дар оғози соли ҷорӣ Вазорати молияи Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ лоиҳаи пешакии Кодекси андозро барои баррасии умум гузоштаву аз андозсупорандагон хоста буд, ки пешниҳодҳои худро ироа намоянд.
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон Кодекси андозро се бор таҳрир кардаанд. Қаблан соли 2013 ба ин Кодекс тағйирот ворид шуда буд.
Даромад аз андоз бахши муҳимми буҷаи Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Қабули Кодекси нави андоз дар ҳоле сурат мегирад, ки бархе коршиносон мизони баланди андоз дар кишварро монеи рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ мехонанд.
Кодекси нави андоз пас аз нашр дар матбуоти расмӣ мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед