Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон Филиппо Грандиро ба ҳузур пазируфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон Филиппо Грандиро ба ҳузур пазируфт
Акс: Хадамоти матбуоти Сарвари давлати Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон Филиппо Грандиро ба ҳузур пазируфт

Нашр шуд

17-уми марти соли ҷорӣ, дар бинои Қасри миллат мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба паноҳандагон Филиппо Гранди ба вуқӯъ пайваст.

Тавре Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои ин созмон, аз ҷумла Дафтари Комиссари Олӣ оид ба паноҳандагон мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифтааст.

Таъкид мегардад, ки миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Филиппо Гранди доир ба масъалаҳои такмил додани заминаҳои ҳуқуқии раванди ҳамкорӣ, таъсиси абзорҳои марбутаи ҳуқуқӣ мувофиқа ҳосил шудааст.

Ҳамчунин, ҷонибҳо перомуни масъалаи мутобиқ гардонидани қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои байналхалқӣ табодули афкор анҷом додаанд.

Зимни сӯҳбат мусоҳибон оид ба бӯҳрони сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитарии Афғонистон, ки дар пайи таҳаввулоти ахир дар ин кишвар сар зада буданд, пешниҳод намудаанд, ки расонидани кӯмакҳои башардӯстонаи мақсаднок ба мардуми афғон идома дода шавад.

Ёдрас мешавем, ки моҳи ноябри соли 2021 Ханс Фридрик Шоддер, намояндаи UNHCR дар Осиёи Миёна зимни як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар Тоҷикистон 12 000 паноҳҷӯй аз Афғонистон қарор доранд, ки 6 000-и онҳо дар аввали соли 2021 ба воситаи ҳавопаймо ба кишвари мо омадаанд.


Омӯзиши дизайни графикӣ дар Душанбе ба донишҷӯён ва паноҳандагони афғон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед